ABNA24 – Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе, дар дидори нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмӣ гуфтанд: Миллати Эрон, миллате билқувва нухба аст ва ба ҳамин иллат аз дер боз ҳадафи ҷанги нарми таҳқиркунандаи истеъморгарон қарор дошта то истеъдодҳову тавоноиҳои худро фаромӯш кунад ва ҳатто мункир шаваду дурӯғи бузурги «мо наметавонем» -ро бипазирад.
Эшон гуфтанд: Дар таърихи 200 солаи ахири Эрон низ истеъморгарон ва ҳокимони вақт ҳам садои нотавонии миллати Эронро таблиғ мекарданд, ки пирӯзии инқилоб ба ин раванд поён дод.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ғафлату ғоратро ду ҳадафи мукаммили истеъморгарон аз илқои нотавонӣ дар миллатҳо баршумурданд ва афзуданд: Вақте миллате аз тавоноиҳои худ ғафлат кард, ғорати ӯ осон мешавад.
Эшон бо истинод ба оёти сареҳи Қуръони Маҷид дар бораи паёмадҳои манфии ғафлат афзуданд: Худованд дар китоби осмонӣ ҳушдор медиҳад, ки душман мехоҳад Шумо аз силоҳ ва дороиҳои худ ғофил шавед то роҳат ҳамла кунад, ки ин мавзуъ имрӯз бо тавваҷуҳ ба фишорҳову ҷанҷолҳо дар дунё дар бораи масъалаи паҳпод ва мушак қобили тавваҷуҳ аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ёдоварии суханони чанд соли қабли худ дар бораи ояндаи Эрон ва зарурати пештозӣ дар арсаи илми ҷаҳонӣ гуфтанд: Бояд ба гунае ҳаракат кунем, ки дар ояндае маъқул, Эрон манбаи илми ҷаҳонӣ бишавад ва ҳар кас барои дастрасӣ ба ҷадидтарин ёфтаҳои илмӣ, ночор аз ёдгирии забони форсӣ шавад. Ҳамон гуна, ки дар бурҳаҳое аз таърих эрониён бар қуллаҳои дониши ҷаҳонӣ қарор доштанд ва китобҳои донишмандони Эрон дар донишгоҳҳои Ғарбу Шарқ мавриди тадрису истиноди аҳли илму дониш буд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои расидан ба ин ояндаи равшану ифтихоромез се марҳаларо зарурӣ донистанд. Аввал: Талоши фаровон барои пур кардани фосилаи кунунӣ бо хутути муқаддами илми ҷаҳонӣ. Дувум: Убур аз марзҳои дониши ҷаҳонӣ ва арзаи кашфиёти навини илмӣ ба ҷомеаи башарӣ ва сеюм, бино кардани тамаддуни навини исломӣ бар пояи илми нофеъ.
Эшон масъалаи меҳварӣ ва ҳалли масоили кишварро аз аҳдофи муҳими ҷомеаи илмии кишвар хонданд ва бо баршумурдани мавориде монанди мушкилоти об, муҳити зист, трафик, осебҳои иҷтимоӣ, тахлияи рустоҳо, низоми пулӣ, молӣ, молиётӣ, бонкӣ ва масоили низоми тавлид гуфтанд: Метавон барои ҳамаи мушкилоти кишвар роҳи ҳалли илмӣ пайдо кард.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аз «ҳуши маснӯӣ» ба унвони як масъалаи муҳиму ояндасоз ном бурданд ва таъкид карданд: Ин масъала дар идораи ояндаи дунё нақш дорад ва бояд ба гунае амал кунем, ки Эрон ҷузви 10 кишвари бартари ҳуши маснӯӣ дар дунё қарор бигирад.
Эшон дар идома бо таъкид бар масъалаи монеъзудоӣ аз тавлид, муҳимтарин мавонеи тавлид дар кишварро мавонеи фарҳангие ҳамчун «ноумедӣ, эҳсоси беоянда будан, беҳимматӣ, беҳавсалагӣ, роҳатиталабӣ, саргармиҳои музир, эҳсоси нотавонӣ ва хатарпазир набудан» баршумурданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ лозимаи рушду тақвияти ширкатҳои донишбунёнро равоҷи истифода аз маҳсулоти онҳо дар дохил донистанд ва гуфтанд: Вақте як маҳсули донишбунён дар дохил тавлид мешавад, набояд воридоти мушобеҳи он анҷом шавад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ заминасозӣ барои содироти маҳсулоти донишбунёнро аз дигар вазоифи дастгоҳҳои давлатӣ донистанд ва гуфтанд: Илова бар фаъолияти давлат ва ширкатҳо барои бозорсозӣ, бахши хориҷии Садо ва симо низ бояд барои таблиғи колоҳои эронӣ барномарезӣ ва иқдом кунад.
342/